Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар самти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ

Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ташаббуси ҳайати олимону профессорони Факултети №4 Академияи ВКД ва шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вобаста ба самти фаъолияти тафтишот Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири пешгирӣ, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, роҳҳоии асосии амалигардонии он» бахшида ба 35-солагии таъсисёбии мақомоти тафтишоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гашт. Олимони соҳаи ҳуқушиносӣ ва кормандонии амалии пешбарандагони тафтиши пешакии парвандаҳои чиноятӣ дар ҳамоиши характери илмӣ-амалӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд. 
Нахуст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода суханронӣ намуда мавқеъи тафтишоти пешакӣ ва муфаттишонро дар ҷорӣ будани тартибу низом, таъмини адолат ва мустаҳкамии қонуният таъкид намуд. Маҳз муфаттишон бо банду басти ҳуқуқӣ кирдори ба ҷомеа хавфноки содиршударо бо ҷамъоварии далелҳо баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд ва муносибатҳои ҷамъиятӣ дар заминаи қонунияту баробарҳуқуқӣ танзим карда мешавад, зикр дошт сардори Раёсат.
Конфронс таҳти роҳбаладии сардори факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Меҳриддин Ғафурӣ ҷараён гирифта, ҷиҳати иштирок муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагон аз шуъбаҳои тафтишотии дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва курсантони фаъоли Академияи ВКД низ ҷалб гардиданд. То ин ки аз раванди қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар самти пешбурди тафтишоти пешакӣ, анҷоми амалу ҳаракатҳои тафтишотӣ бохабар гашта, маънавиёти худро ғанӣ созанд. Табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳанг сохтани донишҳои назариявӣ ва амалӣ ҳадафи ин чорабинӣ буд.
Баргузории конфронси мазкур ба рӯзи таъсисёбии тафтишот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ рост омад. 
Ёдрас менамоем, ки ҳуқуқи бурдани тафтишоти пешакиро мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз 6-уми апрели соли 1963 соҳиб шуда буд. Фаъолияти ин ҷузъи мақомоти корҳои дохилӣ марҳила ба марҳила ташаккул ёфта,  торафт мақому манзалаташ баландтар ва имрӯзҳо ба яке аз ниҳодҳои меҳварии Вазорати корҳои дохилӣ мубаддал гардида соҳиби имтиёзу ваколатҳои махсус мебошад. 
Дар чорабинӣ мавзуъҳои мухталифи моҳияти таълими-дастурӣ дошта ба монанди шахси холис ва мавқеъи ҳуқуқии он, мафҳум ва аҳамияти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкорсозии ҷиноят бо истифода аз равишҳои психологӣ, таърих ва ташаккулёбии мақомоти тафтишот, соҳаи криминалистика ва аҳамияти он дар раванди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ  аз тарафи баромадкунандагон матраҳ ва фаъолияти муфаттишон аз нигоҳи қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон тавассути алоқаи селекторӣ аз дастгоҳи марказии Академияи ВКД бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуданд. Дар ҷараёни ҳар як маърӯза вобаста ба мавзӯъ муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Гуфтан ба маврид аст, ки муфаттишӣ вазифаи масъулиятнокест, ки баҳри фош намудани ҳаракатҳои ҷинояткорон ва барқарор кардани адолати ҳуқуқӣ нигаронида шуда, дар ин самт муфаттишон саҳми арзанда доранд. 
Дар раванди баргузории конфронс мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар баробари маълумот додан дар бораи навовариҳои қонунгузорӣ, ҳамзамон усулу ҳаракатҳои тафтишотиро бори дигар дар асоси сарчашмаҳои илмӣ матраҳ намуда, бо муаммоҳои дар фаъолияти амалии тафтишоти пешаки ҷой дошта шинос ва дониши назариявии иштирокчиёнро мустаҳкам намуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

05.04.2025 14:28
58