Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани силсиладуздиҳо

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи зани 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 31-уми марти соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти тиллоӣ ва 10 ҳазору 400 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 28 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд. 
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 9-уми марти соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз контейнери марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки беназорат меистод, 17-адад дарҳои оҳанинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 12-уми феврали соли 2025, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар худуди шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-12»-ро, ки ба марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гумонбаршаванда 12-уми феврали соли 2025, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми А3», ки ба марди 56-солаи сокини ноҳияи Ишкошим тааллуқ доштааст дуздида, аз ҷойи  ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 900 сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршаванда шаби 13 ба 14-уми феврали соли 2025, ҳангоми дар назди меҳмонхонаи бозори Панҷшанбе, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми А7» ва 1 адад корти молии «Душанбе Сити»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда, 650 сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршаванда шаби 13 ба 14-уми феврали соли 2025, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қарор доштнаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Нот 9»-ро дуздида, аз ҷойи  ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 650 сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршаванда 14-уми феврали соли 2025, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қарор доштнаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби марди 41-солаи сокини ноҳияи Н.Хусрав муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд 2-адад телефони мобилии тамғаҳои «Редми А9 ва  Редми А12»-ро дуздида, аз ҷойи  ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 16 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.04.2025 8:47
21