Ошкор шудани қаллобиҳои ҷавони 24-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2025 ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 185 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин автомашинаи барқӣ оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Инчунин гумонбаршаванда соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 627 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин автомашинаи барқӣ оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда ва 50 ҳазор сомонӣ пули нақдро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин автомашинаи барқӣ оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда 14-уми декабри соли 2024 аз ҷавони 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 174 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 25 шабонарӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин автомашинаи барқӣ оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.