Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!
Дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз семинар-машварат доир гардид, ки сардори Маркази таълимии мазкур, н.и.ҳ., полковники милитсия Аълозода Муҳаммадрасул Аъло ҳайати шахсии Марказро бо ин ҷашни хуҷастапай табрику муборак намуда, зикр кард, ки вазифаи асосии ҳар як корманди Маркази таълимӣ ин аст, ки насли ҷавони мақомоти корҳои дохилиро дар роҳи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунад ва худ намунаи он бошад.
Зикр гардид, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни хуҷастаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, ба таври оммавӣ бо иштироки ҳамаи мардум, дар фазои идона ва бо шукӯҳу шаҳомати хос ҳамасола таҷлил карда мешавад. Чӣ тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Нарӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеъан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд».
Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бешак собит месозад, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.