Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бар хилофи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор” ва Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ ”, ки бо қарори Раёсати бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардидаааст, амал намуда, ба амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ машғул шуда, 19-уми марти соли 2025 дар дохили автомашина дар назди беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар 5 ҳазор доллари амрикоиро бо мақсади иваз намудан ва ба даст овардани фоидаи муфт ба марди 29-солаи сокини шаҳри Бохтар додааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.03.2025 8:38
33