Дастгир гардидани зани 45-сола барои ташкил намудани фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокин ноҳияи Ёвон бо гумони ташкил намудани фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2025, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкурро барои қонеъ намудани нафси шаҳвониаш даъват намуда аз ӯ 300 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 24-уми марти соли 2025, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 29 ва зани 40-солаи сокинони ноҳияи Ёвон шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.