Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду пиёдагард дар садамаҳои нақлиётӣ

26-уми марти соли 2025, тахминан соати 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Palisade”,  Холбеков Баҳодир Исақбоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шерализода ба самти кӯчаи Ҷ.Расулов, дар рӯ ба рӯи мағозаи хӯроквории Б-1, дар ҷойи муайяншуда пиёдагард Куканбоев Фармонбек Қамчибекович, соли таваллудаш 1962, сокини пойтахтро, ки роҳи мазкурро аз рост ба чап мегузашт, пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Куканбоев Ф.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
27-уми марти соли 2025, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Каролла”, Каримов Наврӯз Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳияи М.Ҳамадонӣ ба самти деҳаи Чубек аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Рӯзматов Маҳмуд, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа Рӯзматов М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

28.03.2025 8:34
20