Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани зарари молу мулкӣ  бо роҳи фиреб

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 69-солаи сокини  ноҳияи Ашт бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз соли 2015 ошхонаи «Хуршед Бар»-ро дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт ташкил карда, ба истифода дода, шартномаи истифодаи қувваи барқ баста, бо роҳи пинҳонӣ ноқили  барқро  аз ҳисобкунаки  барқӣ пайваст намуда, тӯли як сол қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурдааст. 
Зарари расонидашуда, ба ҶСК “Шабакаи барқи ноҳияи Ашт” 15 ҳазору 307 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.03.2025 8:30
19