Ҳалокати зани пиёдагард дар садамаи нақлиётӣ
26-уми марти соли 2025, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер” Камолов Саид Аҳмадович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Исмоилова Улуғбӣ, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Хуросонро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Исмоилова У. ҷароҳатҳои вазнини ҷинсмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.