Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил аз ҷониби ду ноболиғ 

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 25 ба 26-уми марти соли 2025, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар кӯчаи С.Абдураҳмони шаҳри Хоруғ беназорат меистод, ғайриқонуни ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд, ки дар роҳ дар маҳаллаи “Нишон-боғ” ба девор бархӯрда, автомашинаро партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 33 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Хоруғ содир намудаанд. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

27.03.2025 8:10
15