Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоми неки кормандони милитсия

26-уми марти соли 2025 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р. Ҳ., сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳристон подполковники милитсия Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ба собиқадорон ва аъзои оилаи кормандони ҳалокгаштаи милитсия маводи хӯрока тақдим намуданд.
Инчунин, ба айёдати  оилаҳое, ки фарзандони маъюб доранд, рафта аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуданд.
Сокинони айёдатгардида аз ин иқдоми нек болидаруҳ шуда, барои сулҳу субот ва тинҷиву оромии Ватани азизамон даст ба дуои нек бардоштанд.

26.03.2025 20:54
86