Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2023 марди 62-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоиро бо баҳонаи харидорӣ намудани таҷҳизот барои ошхона гирифта ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро дар муддати 4 моҳ бармегардонад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда худро ҳамчун соҳибкори муваффақ дар самти хариду фурӯши маҳсулоти доруворӣ муаррифӣ намуда, аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи июли соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, миқдори муайяни маҳсулоти тиббиро тариқи ғайринақдӣ (насия) ба маблағи 466 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба дигарон ба фурӯш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.