Боздошти ноболиғи 12-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи зани 40-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми марти соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 11 ҳазор сомонӣ, 1-адад планшет, 1-адад баландгӯяк ва як ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ҷинояти мазкурро ноболиғи 12-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.