Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 31-сола барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо қисми 3 моддаи 237 ва қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дасгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2025, соати 18:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо марди 30-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, бо корди махсуси бо худ доштааш як маротиба ба қафаси синааш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

26.03.2025 8:11
34