Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сипосномаи Ато Ҳамдам ба Вазири корҳои дохилӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Мӯҳтарам Вазир!

Ба иттиллои Шумо мерасонам, ки дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон ва аз мошини шахсиашон маҳрум гардондаанд, афтодам.

Хушбахтона, тавассути азму талош ва чусту чолокии кормандони шӯъбачаи кофтукови ҷиноятҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе – сардори шӯъбача капитан Ҷумъахон Қосимов, подполковники милиса Аъзамҷон Умуров, капитани милиса Баҳодур Холов ва лейтенанти калон Ҳаким Солиҳов баъди як ҳафта қаллобони ашадӣ Асадулло Ибодуллоевич Деҳқонов – сардори даста (соли таваллудаш 1952), Сӯҳроб Амонуллоевич Раҳимов (соли таваллудаш 1982) ва Додарбек Неъматович Юсупов (соли таваллудаш 1960) дар ноҳияи Ҳисор ҳини ба савдо андохтани мошини шахсии ман ба даст афтоданд. Агар чусту чолокӣ ва маҳорату кордонии ин ҷавонмардони ҳақиқӣ – кормандони ҷонсӯзи мақомоти Шумо намешуд, шояд дигар ман на мошинамро пайдо мекардаму на ягон сомонӣ ба даст меовардам.

Мӯҳтарам Вазир! Ман аз самими дил ба Шумо, ба кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳр ва шахсан ба Ҷумъахон Қосимов, Аъзамҷон Умуров, Баҳодур Холов ва Ҳаким Солиҳов самимона арзи сипос менамоям. 

             Бо эҳтиром,

Хоҷаев Ато Ҳамдамович (Ато Ҳамдам) истиқоматкунандаи

ш. Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, ҳавлии 77/3, манзили 71.

Ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия,

узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Белорус.

Барандаи ҷоизаи Олии адабии Покистон,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Сармуҳаррири интишороти «ЭР-граф».

6 апрели соли 2015

15.04.2015 11:19
7