Ҳалокати ронандаи сечарха дар садамаи нақлиётӣ
24-уми марти соли 2024, тахминан соати 13:00, ронандаи сечархаи барқии тамғаи «Муравей», Самадов Зайниддин Иноятович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Вобкан ба самти ҷамоати шаҳраки Қубодиён, аз уҳдаи идораи сечархааш набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Самадов З.И. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Оғматов Орзубек Назирович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Вобкани ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.