Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар таҳхонаи хонаи истиқоматии бародараш марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур, ки аз моҳи августи соли 2024 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад, 6-адад таҷҳизоти барқии «Криптовалюта», бо истифодаи майнинг фермаҳо ба роҳ монда, истифодаи қувваи барқро берун аз ҳисоб ва бе пардохти маблағ мавриди истифода қарор дода, тавассути хатти озод пайваст кардааст.
Дар асоси санади мутахассисони соҳавии Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан ва Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Истаравшан гумонбаршаванда ба манфиати давлат ба маблағи 213 ҳазору 954 сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.