Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 33-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июни соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Исфара даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “БМВ-Ф-10”-ро ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муҳлати 10 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.