Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 35-сола бо ҷурми авбошӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи К.Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар назди мағозаи «Сиёвуш»-и деҳаи Зоосони ноҳияи Айнӣ қарор доштанаш бо марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ муноқиша намуда, бо корди хоҷагии бо худ доштааш, як маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.03.2025 8:05
17