Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э ъ л о н !!!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд расонида мешавад, ки аз 1 январ то 30 апрели 2025 дар робита ба эътибор пайдо кардани Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабр 2024, шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд нагирифтаанд, патенти корӣ надоранд ё барои он ҳармоҳа боҷ напардохтаанд ва инчунин ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шудаанд, метавонанд аз ҳудуди Россия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, имконияти қонунӣ кор карданро дар қаламрави Россия пайдо намоянд.

25.03.2025 12:28
32