Роҳандозии хати парвози Душанбе - Ховалинг баъди чандин солҳои интизории сокинони ноҳия
Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат пас аз таваққуфи бештар аз 20-сола, 22-юми марти соли 2025 ҳавопаймоии АН-28 нахустин парвози хешро дар масири Душанбе -Ховалинг роҳандозӣ намуд. Парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр сурат гирифта, дар он 17 нафар аз намояндагони ВАО, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳайати кормандони ширкат сафар намуданд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Ховалинг 350 сомонӣ буда, давомнокии парвоз ним соатро дар бар мегирад. Тибқи иттилоъ парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе бо мусоид будани боду ҳаво анҷом дода мешавад. Парвози нахустин хастайри ҳавоиро дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг сокинон ва фаъолони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Фаъол гардонидани парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ ба осон гардонидани рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва ҳамзамон дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат нақши муассир мегузорад. Зеро ноҳияи Ховалинг бо иқтидору зарфияти сайёҳӣ метавонад, сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намояд ва дар роҳандозии ин тадбирҳо ифттиоҳи хастайри нав саҳми арзанда мегузорад.
Пас аз истиқбол ва доир намудани барномаи фарҳангӣ ба ҳайати иштирокчиёни хатсайр аз ҷониби ширкати сайёҳии Таҷик-сайр сайёҳати минтақҳои гардишгарӣ ва таърихии ноҳияи Ховалинг ташкил гардид. Дар доираи он иштирокчиёни хастайр аз шароиту имконоти қабули меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин бино соле қабл аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд ва яке аз инфрасохтори муҳими соҳаи сайёҳи ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар доираи оодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлли малмкат имрӯзҳо дар ноҳия бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ идома дошта, симои ноҳия дигаргун гардидааст. Дар идома Чойхонаи Чилчанор, осорхонаи қаҳрамони миллати тоҷик Восеъ ва фарбиркаи парвариши мурғи марҷон аз маконҳои буданд, ки ба меҳмонон муаррифӣ гардид.
Ҳайати хастайри ҳавоии масири Душанбе-Ховалинг аз ин сафар таасуроти нек гирифта, бо гирифтани аксу навор мавзеҳои сайёҳии ноҳияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб намуданд. Пас аз боздид аз маконҳои гардишгарӣ хатсайри аваллини Душанбе-Ховалинг дубора ба пойтахт баргашт.