Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинар-машварат оид ба одоби варзишгар дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми марти соли 2025 дар вилояти Суғд, аз тарафи полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назри - муовини якуми Раиси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз оғози тамрин дар толори варзишии ш. Хуҷанд миёни варзишгарон бо иштироки мураббиён семинар-машварат дар мавзӯи пешгирии оворагардӣ, одоби варзишгар ва мураббӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳтироми падару модар  баргузор гардид.
Дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо ва корхонаҳо барои ҷалби хонандагону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ чораандешӣ шуда, рушди таеквондо дар вилояти Суғд боиси рағбати бештари наврасон гардидааст. Таъмини одоби хуби рафтор, дониш, маърифат ва тақвияти рӯҳиву ҷисмонӣ дар вохӯрии мазкур боз як қадами муҳим дар роҳи эҷоди тафаккури солим дар ҷомеа ба шумор меравад. Зеро варзиш яке аз роҳҳои асосии дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб, парвариши иродаи мустаҳкам, худбовариву худшиносӣ ва худогоҳӣ мебошад.

22.03.2025 20:51
19