Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон
22-юми марти соли 2025 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристон, ки пурра таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматӣ ва моддӣ-маишии шуъбаи мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба