Аз ҷониби кормандони милитсия ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Вахш ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён даромада, аз он ҷо 3-адад телевизионро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳҳои июн ва июли соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад симкорти рақамҳои Россия, ки ба он корти бонкии “Сбербонк” кушодааст ва дар дохилаш 535 ҳазор рубли русӣ, ки бо қурби асъори тоҷикӣ баробар ба маблағи 57 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 58 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 9-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:00, дар манзили истиқоматиашон аз дохили сандуқи хушдоманаш зани 56-солаи сокини ҳамон ҷо 465 ҳазор рубли русӣ, 18 ҳазор сомонӣ ва як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.