Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!  Маҳдуд намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти хусусӣ

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёти хусусӣ дар шаҳри Душанбе аз 21 то 24 марти соли равон маҳдуд карда мешавад.
Бинобарин, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёти хусусӣ хоҳиш менамояд, ки бе зарурият ба пойтахт ворид нашаванд. Шаҳрвандон метавонанд аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

20.03.2025 10:57
74