Бо корд таҳдиди куштан намудани ҳамсар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 01:00, дар назди хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҳамсараш ҷавонзани 18-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.