Дастгир гардидани марди 46-сола бо ҷурми роҳзанӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми марти соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, як шахси ношинос ба хонаи истиқоатиаш даромада бо роҳи зӯроварӣ бо корд духтарбачаи 8 ва писарбачаи 12-солаашро таҳдид намуда, аз онҳо ҷойи маблағ ва ҷавоҳироти тиллоиашонро пурсидааст, ки дар ҳамин ҳолат апаашон омада, ин ҳолатро дида доду фарёд намудааст.
Дар натиҷа, гумонбаршаванда ягон чизро бо худ нагирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.