Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми марти соли 2025 дар манзили истиқоматиаш бо зани 29-солаи сокини пойтахт маводи нашъадори навъи “метамфетамин” (кристал) истеъмол намуда, сипас аз ҳиссиёти рашк ва нобоварӣ зани мазкурро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, 11-уми марти соли 2025 дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.