Рух додани ҳодисаҳои фоҷиавии нақлиётӣ
14-уми марти соли 2025, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сақалов Раҳим Мадустович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор ҳангоми расидан дар ҳудуди деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Сақалов Р.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми марти соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Файзуллоев Ҷамшед Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Ҳисор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада Муҳаббатов Амиршо Искандарович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Муҳаббатов А.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Давлатов Намозали, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ховалинг дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Лексус- 470”, таҳти идораи ронанда Ҷамилов Файзулло, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Данғара бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Давлатов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Қиёмуддини Сайҳомид, соли таваллудаш 2001, Давлатова Дилноза Намозалиевна, соли таваллудаш 2005 ва Давлатов Сабиалоҳ Намозалиевич, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
15-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Муллоев Мақсудҷон Султонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар километри 157-и шоҳроҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии 100 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина ҳамсараш Алиева Фируза Маруфҷоновна, соли таваллудаш 1984, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
16-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маҳмудзода Фаридун Набӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Вахдати ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Вахдати ноҳияи мазкур дар роҳи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада ба дарахти тут бархӯрда, ба даруни канали обгузар афтидааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Маҳмудзода Ф.Н. ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.