Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаноатмандӣ аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсия

Раиси маҳаллаи Гагарини ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кенҷаева Шаҳло зимни қабули Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон, ки 18-уми марти соли 2015 дар бинои РВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид,  миннатдории худро оиди саҳми назарраси фаъолияти кормандони милитсия дар таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгиринамоиии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт баён намуд.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки имрӯзҳо  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавии милитсия бо аҳолӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дошта дар пешгиринамоии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳалли ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ ёрии амалӣ расонида истодаанд.

Бояд қайд кард, ки ба қабули Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рахимзода Рамазон Хамро зиёда аз 105 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳозир гардида бо масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ муроҷиат намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз ин 15 нафар шаҳрвандон аз фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

26.03.2015 14:04
20