Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Падару писар бо ҷурми қаллобӣ датгир шуданд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-сола ва писараш марди 33-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 679 ҳазору 260 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони баландошёна як хонаи истиқоматиро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд, аммо сохтмони хонаи истиқоматии баландошёнаро ба итмом расонида, аз ҷабрдида пинҳон намуда, ба дигарон фурӯхта, маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.03.2025 8:12
52