Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳодисаи расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми марти соли 2025, тахминан соати 16:00, дар назди манзили истиқоматиаш бо ҳамсояаш марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 13-уми марти соли 2025, тахминан соати 20:50-дақиқа, дар роҳи нақлиётгарди кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Гулистон бе ягон асос бо ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо корд ба қисми қафаси синааш зарба задааст.  
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.03.2025 8:10
17