Қаноатмандии Шӯрои адлия аз ҳамкориҳои дуҷониба бо ВКД
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро,
Сипосномаи худро барои пешниҳод намудани китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» нашри сеюм, ки ҷиҳати баланд бардоштани дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва Шӯрои адлия заминаи муносиб мебошад, баён менамоем.
Шӯрои адлия аз сатҳи ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ қаноатманд буда, итминони комил дорем, ки ҳамкории доимӣ ба таъмини волоияти қонун мусоидат менамояд.
Бо эҳтиром,
Раиси Шӯрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Азиззода