Шинонидани дарахтони мевадиҳанда дар минтақаи Кӯлоб
15-уми марти соли 2025 дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб баҳри иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №4/15-25", дар ҳамаи Шуъбаҳои ВКД дар Қисми минтақавии мазкур шанбегии дастаҷамъонаи шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, инчунин гулу буттаҳои ороишӣ дар атроф ва ҳудуди биноҳои маъмурӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳайати шахсии Қисми минтақавии мазкур дар масоҳати 0,80га дар умум 500 дарахтони мевадиханда ва сояафкан, аз ҷумла 40 дона себ, 60 дона зардолу, 73 дона олуча, 11 дона гелос, 8 дона хурмо, 23 дона шафтолу, 10 дона анор, 30 дона бодом, 30 дона нок, 45 дона тут ва 150 дона арча шинониданд.