Ҳалокати ронанда дар садамаи нақлиётӣ
14-уми марти соли 2025, тахминан соати 10:30-дакика, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидов Раҳиммулло Курбоназарович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Дустӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости шоҳроҳи мазкур баромада ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда Саидов Р.К. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.