Дастгир гардидани марди 32-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино мактуби ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ворид гардидааст, ки 17-уми феврали соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз суроғаи хиёбони И.Сомонии ноҳияи Сино назди истгоҳи мусофиркашонии «Боғи ҳайвонот» бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ ва механикӣ терминали худкори худхизматрасонии №00523-ро зада шикаста, аз дохилаш 34 ҳазору 130 сомониро дуздида, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 39 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.