Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми ноябри соли 2024, дар шабакаи интернетии «Телеграмм» саҳифаи махсус «Дакаданг Исфара-4» кушода, 3-юми декабри соли 2024, аксҳои зани 28-солаи сокини шаҳри Исфараро гирифта бо маълумоти беобрӯкунанда дар саҳифаи махсус «Дакаданг Исфара-4” паҳн намуда, барои аксашро аз саҳифаи мазкураш нобуд кардан аз ҷабрдида маблағи 20 ҳазор рубли русӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.