Маъракаи ниҳолшинонӣ дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт
15-уми марти соли 2025 вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо иштироки сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор, ҳайати шахсӣ ва гурӯҳи ҷавонони фаъол маъракаи ниҳолшинонӣ роҳандозӣ гардид.
Дастаҷамъона дар саҳни Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ШВКД дар ноҳияҳои минтақаи Рашт дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гулу бутаҳои ороишӣ шинонида шуд.