Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби милитсияи Суғд

Рӯзи 15 март бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло ҳайати шахсии милитсияи Суғд дар ҳудуди минтақаи маъмурӣ шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ гузарониданд. 
Дар марҳилаи навбатии ниҳолшинонӣ, ки ба мавсими оғози фасли баҳор рост меояд, дар ҳудуди Маркази таълимию фароғатии «Обшорон»-и ВКД бо қароргоҳ дар ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи истироҳатии «Сипар»-и ВКД воқеъ дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ташкил карда шуд.
Дар мавзеъҳои гирду атрофи Маркази таълимию фароғатӣ 310 бех навъҳои гуногуни ниҳол ва дарахтони ҳамешасабзи арчаи ба иқлими минтақа ва шароити кӯҳистон мувофиқ шинонида шуд. Бо роҳбарии сардори Раёсат ҷиҳати сабзу хуррамгардонӣ ҳайати шахсӣ дастаҷамъона бо риояи қоидаҳои агротехникӣ давоми рӯз ниҳолшинонӣ карданд.
Дар минтақаи истироҳатии «Сипар» бошад маъракаи ниҳолшинонӣ бо роҳбарии муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ҷараён гирифта ниҳолҳои ҳамешасабз, дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Аз ҷумла, 30 бех ниҳоли гелос, 30 бех олуи сиёҳ, 30 бех ниҳоли шафтолу, 10 бех ниҳоли анҷир, 55 бех ниҳоли арча ва 200 бех гули садбарг дар қитъаву роҳравҳои бинои маъмурии осоишгоҳ шинонида шуд.
Дар гирду атрофи бинои маъмурии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар баробари ба шаклдарории дарахтон ва иҷрои амалҳои тозакорӣ дар мавзеъҳои мувофиқ 20 бех ниҳоли арча, 10 бех гелос ва 200 буттаи садбарг шинониданд.
Ҳамингуна сабзкориҳоро масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят ба роҳ монда дар ободӣ ва сабзу хуррамгардонии минтақаи хизматӣ саҳм гузоштанд. 
Дар умум аз ҷониби ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2 940 бех ниҳоли мевадиҳанда, 1 509 бех ниҳолу дарахтони сояафкан, 630 бех ниҳоли хуч ва 9 881 бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.
Зимни ниҳолшинонӣ дар баробари риояи қоидаҳои агротехникӣ ба намуди ороишии боғу роҳравҳо ва мавзеъҳои сарсабз аз нигоҳи зебогӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисони соҳа аз хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дастрас гардида ба иқлими минтақа мувофиқ мебошанд. 
Сарсабзии ниҳолҳои шинонидашуда метавонад дар оянда маконҳои хизматиро ободу зебо гардонад.
АКбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

16.03.2025 11:02
58