Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарзабзии Ватан мароми мост!

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 15-уми марти соли 2025 бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ва бо иштироки  ҳайати шахсии кормандони  ШВКД-1 дар ноҳия Рӯдакӣ ва ҷавонони  фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ  маъракаи ниҳолшинонӣ бо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар шоҳроҳи Душанбе-Хатлон ташкил ва баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри сабзгардонии кишвари азизамон роҳандозӣ гардида, дар ин радиф корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагиву хуррамгардонӣ, ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ бо иштироки кормандони масъули Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд.
Аз ҷониби ҳайати шахсии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбарии сардори Шуъбаи мазкур генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло 1875-адад дарахтони арча дар шоҳроҳи Душанбе-Хатлон ва минтақаи Фахробод шинонида шуд, ки ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани муҳити зист мусоидат менамояд.

15.03.2025 16:03
97