Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми фарҳангӣ дар шаҳри Москва

14-уми марти соли 2025 дар Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя шоми фарҳангӣ баргузор гардида, дар он донишҷӯёни 27 давлат, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд, иштирок карда, фарҳангу маданияти худро муаррифӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ низ иштирок намуда, бо курсантони тоҷикистонии Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ 2 нафар курсантони тоҷикистониро, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ маданият ва ҳунарҳои зебои тоҷикиро муаррифӣ карданд, бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонид.
Мавсуф онҳоро ба омӯзиши илму маърифат, забонҳои хориҷӣ, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуд.
Гул Маҳбуба

15.03.2025 15:47
59