Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар натиҷаи сабқати нодуруст 

12-уми марти соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Тағойзода Муслиҳиддини Мирзошорух, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар ҳудуди деҳаи Дашти Марзои ноҳияи Файзобод, автомашинаи тамғаи “БМВ”, таҳти идораи Давлатов Зафар Ёрович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Файзободро, ки пеш аз ӯ бо ҳамин самт ҳаракат мекард, сабқат намуда, дар вақти анҷоми сабқат бо паҳлуҳои автомашина бо якдигар бархӯрдаанд, ки ҳарду автомашина ба канори рости роҳ ба пастӣ рафта чаппа гаштаанд. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” Тағойзода М.М., мусофири дохили автомашинаи мазкур Ватанов Далер Мусофирович, соли таваллудаш 1987 ва мусофири автомашинаи тамғаи “БМВ”, Раупов Лутфулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокинони ҳамин ноҳия, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Давлатов З.Ё. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Розиқов Давлатшоҳ Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

14.03.2025 8:33
53