Ошкор шудани қаллобиҳои марди 29-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2024, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”, соли бароришашон 2020-ро ба маблаги 61 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, соли бароришаш 2019, ба маблағи 33 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Ауди”, соли бароришаш 2021-ро ба маблағи 49 ҳазор доллари амрикоӣ, дар умум 143 ҳазору 500 доллари амрикоиро гирифта, 109 ҳазор доллари амрикоиро дода, аз пардохт намудани 33 ҳазору 700 доллари амрикоӣ саркашӣ намудааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 25-уми октябри соли 2024, дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба боварии ҷавони 25-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус 570”-ро ба маблаги 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 28 ҳазор доллари амрикоиро пардохт карда, боқимонда 42 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол пардохт накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.