Изҳори сипос аз ноҳияи Рашт
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт зиёда аз 600 адад воситаҳои нақлиётие, ки тӯли чанд соли охир маблағи андози онҳо пардохт нашуда буданд, ошкор ва андозбандӣ карда шуданд.
Дар натиҷа нақшаи солонаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба ҷои 890 000 сомонӣ, ба буҷет ба маблағи 1 073 459 сомонӣ, ё ба андозаи 120,6% иҷро гардидааст.
Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт миннатдории худро изҳор менамоем.
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Рашт Лоиқов Қ.Х.