Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи  бонувони волейболбози ВКД дар мусобиқа барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ҷойи аввалро ишғол намуд

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2025, таҳти №64 "Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» аз санаи 15 феврал то 7 марти соли 2025 мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Дар байни бонувони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон созовори ҷойи чорум гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим ба ғолибон ва ҷоизадорони ҷойҳои якум медал, диплом, Ҷом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 18125 сомонӣ, ҷойҳои дуюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15575 сомонӣ, ҷойҳои сеюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10475 сомонӣ ва ҷойҳои чорум диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ҷудо гардида буд, тақдим карда шуд. Инчунин дастаҳое, ки дар мусобиқаи мазкур иштироки фаъолона намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

12.03.2025 16:20
11