Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими шиноснома ба хонандагони МТМУ №6 шаҳри Истиқлол

Дар раванди таъмин намудани хонандагони мактаб бо шиноснома масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Истиқлол  ташаббускорӣ нишон дода дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар баробари корҳои фаҳмонидадиҳӣ хонадагонро сарвақт соҳибшиноснома мегардонанд. Ин аст, ки  дар тамоми мактабҳои ин шаҳри саноатӣ хонандагон огаҳӣ доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад.
Чорабинии навбатии супоридани шиноснома ба хонандагон дар МТМУ №6 баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ масъулин шиносномаҳои омадагардидаро ба 12 нафар хонандагони МТМУ №6 шаҳри Истиқлол дастрас намуда дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш супориданд. Шинсномасупории ботантана бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ баргузор гашт.
Ёдрас менамоем, ки ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон, талаботи муқарарнамудаи роҳбарияти ХШБ ВКД мебошад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва волидони хонандагон тарафдорӣ пайдо намуда тайи чор соли охир ба нақшаи кории хадамоти шиносномадорӣ ворид шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.03.2025 17:19
31