Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани се нафар ноболиғи 15-сола бо ҷурми дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. 
Гумонбаршавандагон 11-уми марти соли 2025, тахминан соати 03:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Дарвози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” қарор доштанашон, аз фурсати муносиб истифода намуда, бо асбоби худсоз (оҳанпора ва болға) монитори терминали маблағгузаронии ҶСК “Бонки Эсхата” таҳти №000207-ро бо роҳи пинҳонӣ шикаста, терминали пардохтиро корношоям намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб  задаанд.
Дар натиҷа ба ҶСК “Бонки Эсхата” ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

12.03.2025 8:48
21