Номаи сипоси маъмурияти «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»
Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Муҳтарам Рамазон Ҳамро,
Маъмурияти «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» аз самими қалб барои кӯмаку дастгирии беғаразонаи Шумо изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамояд. Муассиссаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» умед дорад, ки бо Шумо дар оянда низ ҳамкориҳои самаранокро идома диҳад.
Дар муассисаи давлатии таълимӣ тарбиятгирандагони аз 14 то 18-сола фаро гирифта мешаванд, ки аксари онҳо аз оилаҳои пурра ятиму носолим мебошанд. Инчунин, Муассисаи таълимӣ аз рӯи се ихтисос «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Кафшергари барқӣ» ва «Сартарош» ба тарбиятгирандон касб меомӯзонад. Маъмурияти Литсей ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шароитҳои мувофиқро ба тарбиятгирандагон фароҳам оварад.
Ба ғайр аз ин, имсол бо дастгирии Шумо 3-нафар тарбиятгирандагони Литсей ба Коллеҷи милитсияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки мо аз Шумо сипосгузорем.
Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таъмини сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон заҳмат кашида истодаанд, умри дароз, тани сиҳат ва хонадони ободро таманно менамоем.
Умедворем, ки ин ташаббуси Шумо барои дигар хайрхоҳон намунаи ибрат мебошад. Кӯмакҳои додаи Шумо барои тарбиятгирандони Литсеи мазкур хурсандӣ ва умедро дар дилашон ҷой менамояд.
Бо эҳтиром,
Директор Давлатшоева Р.Ҳ.