Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсияи Суғд марҳилаи навбатии амалиёти  «Маданияти шаҳрдорӣ»-ро оғоз намуд

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд марҳилаи навбатии амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ», дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз ёфт. 
Дар доираи амалиёти мазкур таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, одоби шаҳрнишинӣ, таъмини тартибот, тозагӣ дар кӯчаю бозорҳо, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои оиладорӣ, барҳам задани унсурҳои бегонапарастӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти рӯзмарра нигаронида шуда,  7 гурӯҳи корӣ дар ин самт корбарӣ хоҳад кард. 
Бо ҳамин мақсад дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода ҷаласаи дастурдиҳӣ бо ҳайати гуруҳҳои кории МИҲД  шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар  вохӯрии мазкур ҳадафи баргузор намудани амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ»-ро шарҳ дода, онро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва дар ин замина беҳтар намудани муносибатҳои оиладорӣ, риояи тозагӣ дар маҳаллаву бозорҳо, одоби муошират, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракати роҳ муҳим арзёбӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки аз ҳисоби кормандони милитсия ва намояндагони сохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, соҳаи маорифу тандурустӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо 7 гуруҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки дар минтақаҳо сафарбар шуда талаботи барномавии амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”-ро таъмин менамоянд.
Ҳамингуна ҷаласаи корӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар Қасри фарҳанги ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки гуруҳҳои кории мақомоти шаҳрдории ноҳияи мазкур доир карда шуд. Бо таъкиди мисолҳои воқеъӣ диққати иштирокчиён баҳри пешгирию бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ҷалб гардид. Ёдрас мешавем, ки амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён хоҳад гирифт. Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва унсурҳои бегонапарастӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, саҳм гузоштан дар ободонии гӯшаҳои диёр ва тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад.
Ба гуруҳҳои корӣ дастур дода шуд, ки дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятии дар пешашон гузошта шуда масъулиятнок бошанд ва ба манфиати ҷомеа хизмат намуда дар татбиқи барномаҳои давлатӣ саҳм гузоранд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.03.2025 15:58
31