Боздошти ҷавони 28-сола барои азонихудкунии маблағ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 1-уми августи соли 2024 то 23-юми январи соли 2025, дар ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш манфиатҳои худро нисбат ба манфиатҳои ҷамъият боло дониста, молу маҳсулоти ин ҷамъиятро ба маблағи 547 ҳазору 33-сомонӣ қабул намуда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.